БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХОНАИ БАХТ”

КӮЛОБ.  Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи бахт” озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии “Беҳтарин мудир”, Беҳтарин котиби ҷамоат”, “Беҳтарин ҳусни хат”, “Беҳтарин бойгонӣ”, Беҳтарин суханвар” ва “Беҳтарин хизматрасон” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, сардори Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон Зиннатгул Сафарзода, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Марям, собиқадорони соҳа ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гулрухсор Шарифзода зимни баромади хеш изҳор дошт, ки баргузории озмуни мазкур муҳим ва саривақтӣ  мебошад. Маҳз баргузории  чунин озмунҳо метавонад дар мустаҳкам намудани донишу маҳорати кормандони соҳа таъсири мусбии худро расонида бошад.

Дар ҷараёни озмуни мазкур аз ҷониби САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ба як ҷуфт оилаи навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 6 нафар тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллауд тақдим карда шуд.

Инчунин, ба собиқадорони соҳа ҷиҳати хизматҳои шоён дар мустаҳкам нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg