БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коргоҳи дӯзандагӣ» тибқи нақшаи корӣ  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух ширкат варзиданд.

Нахуст Қаҳҳоров Искандар оид ба моҳияти ҳунару ҳунармандӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди хурофотпарастӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз Ватан қарор доштани шумораи зиёде аз мардон масъулияти занон дар тарбияи фарзандон дар қиёс ба даврони Шӯравӣ ба маротиб бештар шудааст.

Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз ҳар гуна ҳизбҳои сиёсӣ, ки хусусияти динӣ ва ифротӣ, гурӯҳҳои ифротию мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт бошанд. Маҳз, амали онҳо буд, ки имрӯз ҷавонони роҳгумзада дар майдонҳои набард дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон иштирок намуда, зану фарзандони худро ба наздашон даъват карда, ҷонашонро аз даст дода истодаанд.

Дар хулосаи сухан  масъулин таъкид доштанд, ки  ба ҳунару ҳунармандӣ рӯ овардани занону ҷавонон омили муҳимми пешгирӣ аз ин равандҳои номатлуб мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg