БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли ояндасоз вазифаи имониву виҷдонии мо

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №7” доир ба фаҳмонидани моҳияти суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, эҳёи анъанаҳои неки мардумӣ, риоия талаботи қонунҳои миллӣ,  дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас,  саҳм гузоштан дар корҳои хайру сахо, ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар фарде мавқеи сиёсиашро муайян кардаву ба сафи ҳизб мепайвандад, дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ, амалӣ намудани ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, ҳиссаи арзандаи хешро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg