ҚУБОДИЁН. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” бо иштироки Ширинбеков Садриддин сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизбӣ, собиқадорон дар назди бинои Қасри Фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб, аъзои ҳакамон, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ - Ширинбеков Садриддин Авазбекович аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуда, ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Дар охири чорабинӣ Шарифзода Маҳмадаюб ва Ширинбеков Садриддин Авазбекович дар мавзӯи 30 - соли дастовардҳои Истиқлолият суханронӣ намуда, фаъолонро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қадрдонӣ карданд.