БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО АЪЗОИ ФАЪОЛ

ҚУБОДИЁН. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳоро бо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор намуданд.

Вохӯриро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Шарифзода Маҳмадаюб ва Ширинбеков Садриддин сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз сокинони кишварамон бо як масъулияти баланд ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ буда, бо кору амали созандаи худ барои зиндагии шоиста ҷаҳду талош менамоянд.

Сипас, Ширинбеков Садриддин сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар бораи санаи муҳими таърихӣ, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас аст, андешаронӣ карда, гуфт, ки имрӯзҳо мо мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлол қарор дорем. Ҳамаи мову Шуморо зарур аст дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем. Инчунин, мавсуф дар идома қайд намуд, ки мақсади баргузории чорабинӣ таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, ҷамъбасти дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg