ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аёдати якчанд нафар занону бонувони собиқадору номдори ноҳия дар доираи нақша- чорабиниҳо зери унвони “Нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” рощандозӣ гардид.
Ин навбат муовини раиси ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Ёвон ба аёдати зани ҳунарманд ва собиқадор Тиллоева Бибихол сокини деҳаи Навкорами ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ташриф оварданд. Дар рафти аёдат аз ҷониби ин бонуи ҳунарманд маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, ки бо заҳмати дасти ин зани поксиришт ва қавиирода эҷод шудаву омода гардидааст, ба маърази тамошо гузошта шуда,ки хонадони ҳар як наварусро зиннат мебахшад, пешниҳод карда шуд. намояндагони ҳизбӣ ба ҳунару истеъдоди ин модари ҳунарманд аҳсан гуфта, барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавонон маслиҳтҳо доданд.