ЁВОН. Дар қасри Фарҳанги ноҳияи Ёвон маҳфили адабию фарҳангӣ зери унвони “Нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 400 нафар занон, аз ҷумла собиқадорон ва дигар занону бонувон аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ёвон иштирок намуда, занону бонувонро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ табрику муборакбод гуфт. Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинии мазкур барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баргузор карда шуд.