ВОСЕЪ. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалб ва иқдоми соҳибкорони меҳандӯсту саховатпеша зиёда аз 3 километр роҳҳои байни деҳаи “Сулҳободи”-и Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ сангфарш карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки корҳои сангфаршкунӣ дар деҳаи номбурда бо маром идома дорад ва соҳибкорони ватандӯст нақша доранд то ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар роҳу кӯчаҳои деҳаҳои ҷамоати мазкурро сангфарш намуда, баҳри зебогии диёри хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Тазаккур дод, ки сокинони деҳаи Сулҳобод аз ин иқдом ва ободкорӣ шод гардида, миннатдории хешро сарраввал ба Пешвои маҳбуби миллат барои сиёсати пешгирифтаи оқилонаву хирадмандонаашон ва баъдан ба соҳибкорону ташкилкунандагони ин амали хайр расониданд.