А.ҶОМӢ. Дирӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии Шӯрои собиқадорони ноҳиявии ҲХДТ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Шӯрои собиқадорони ноҳиявии “Башардӯстон” ва Шӯрои ТҶ ноҳиявии “Муҳофизони Ватан” ҷиҳати мулоқоту вохӯриҳои кории Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар доираи “Деҳаи тантанаҳо” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва хотирмон роҳандозӣ намуданд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур узви Шӯрои собиқадорони вилоятии ҲХДТ Абдурозиқ Ризозода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муминзода Мастура Табарӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳиявии ҲХДТ Худойқул Холов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сафармуҳаммад Зарифӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳиявии “Башардӯстон” Сафарбек Наҷмиддинов ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳиявии ТҶ “Муҳофизони Ватан” Мумин Ғаниев доир ба дастовардҳои ҳизбию давлатӣ дар давраи 30-соли соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар назди ҳозирин баромад намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷодаи бунёдкорию ободонӣ дар атрофи сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ будану шукргузорӣ аз сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати кишвар рисолат ва қарзи инсонии ҳар як аъзои ҳизб ва фарди худогоҳ бояд бошад.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур паёми шодбошии аъзои кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҳизбӣ, раиси ноҳия Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёну фаъолони ҳизбӣ расонида шуд. Вобаста ба дастовардҳои ҳизбию давлатӣ собиқадорон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.