БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ « КӮЧАИ БЕҲТАРИН»

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроия озмуни  ноҳиявӣ таҳти унвони «Кӯчаи  беҳтарин»-ро, ки миёни ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии деҳаву маҳаллаҳо доир гардид,   ҷамъбаст карданд.

Комиссияи  таъсисёфта  корҳои  ободонӣ, тозагии  кӯча, тоза  намудани  роҳу  ҷӯйҳо, тозаю  озода  ва  рангу  бор  намудани  манзилҳои  зисти  сокинон,  сангфаршкунии роҳи  кӯчаҳоро дар  маркази  шаҳраки Баҳор дидан  намуда,   ғолиби  озмунро  муайян  карданд.

Дар  байни  кӯчаҳои  шаҳрак  кӯчаи  Абӯабдуллои Рӯдакии    Ҷамоати  деҳоти Фирӯза  ғолиби  озмуни  «Кӯчаи беҳтарин» дониста  шуд.  Сокинони  кӯча   бо  мақсади  дар  сатҳи  баланди  фарҳангӣ  истиқбол  намудани  30-  солагии  Истиқлоияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корҳои  ободонию  созандагиро роҳандозӣ  намуда,  кӯчаашонро  тозаю  озода  карда, дар  атрофи  кӯча  дарахтони  ҳамешасабз  гулу  гулбуттаҳои  ороишӣ  шинонида, манзилҳои  зисташонро рангу  бор  намуданд. Ҳайати гуруҳи  корӣ  бо  сокинон  вохӯрию  мулоқот баргузор  намуда, аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ дилдан карда, кӯчаи  мазкурро ғолиби  озмуни «Кӯчаи  беҳтарин»  эълон  намуданд.

Ба раиси  ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ Сипоснома  ва  туҳфаҳои  молӣ  тақдим карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg