БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚБОЛ АЗ 30 ИСТИҚЛОЛ

ҲАМАДОНӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии “Даҳаи тантанаҳо”-ро бо иштироки муовини раиси ноҳия Исҳоқӣ Ҳусния, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Москва баргузор намуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода оғоз намуда, дар мавзӯи “Истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст” баромад кард.

Исҳоқӣ Ҳусния дар мавзӯи “30 – соли дастовардҳо” суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як қатор иқдомҳои махсуси ободониву созандагӣ мавриди амал қарор гирифтааст ва дар ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебои диёри азизамон аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Тағаймуродзода Санифа оид ба  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолият суханронӣ намуд.

Муовини раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Беҳтаринҳо бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов хотири ҷамъомадагонро бо суруду рақсҳои дилошуби худ шод гардонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg