БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ АРЗАНДА АСТ!

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Оиннома ва Барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ  махсусан зикр менамояд, ки мардумӣ будан, такя ба нерӯи  халқ доштан, содиқ ба Ватан будан асоси фаъолияти ҳизб аст. Маҳз ҳамин ғоя барои пешрафти ҷомеа замина мегузорад.

Нуктаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи занону бонувон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила  ва занон диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда,  дар ҳафт соли оянда ташаббусҳои созандаи занону бонувонро дастгирӣ карда, нақши занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, ба хотири васеъ намудани  фаъолияти занон дар рушди иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи  миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” тадбирҳои созандаро амалӣ менамоянд. Имрӯз  зиёда аз 6500 нафар ба аъзогии ҲХДТ дар ноҳия муттаҳид гардида, ки аз онҳо 3157 нафарашонро занон ташкил медиҳад, ки  ҳамаи онҳо арзандаанд. Фаъолияти онҳо бомасъулиятона ва меҳрубононаву самимона аст. Ин услуби кор шаҳрвандонро дилгарм мекунад, ҳатто агар масъалаи онҳоро ҳал карда натавонанд ҳам, барои муомилаи хуб ва роҳнамоӣ қаноатманд мераванд. Ҳамин аст моҳияти халқӣ будан, дар байни мардум будан.  Аз ҳисоби бонувон дар шохаи қонунгузории кишвар 2 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 14 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон муаррифӣ шудани занҳо, ин ҳама пиёда сохтани баробарҳуқуқии гендерист.  Зеро маҳз Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунанд ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додаед. Имрӯз мактаби захираҳои ҳизбӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби амал буданашро исбот намудааст.

Занону модарони ноҳия дар паҳлуи кормандони масъули ҳизбӣ меистанд. Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ онҳоро атрофи ҳизб сарҷамъ оварда истодааст. Барномаҳои зиёди дастгирӣ барои бонувон имконияти бо кори хонагӣ машғул шудан, онро эҳё кардану ривоҷ додан, имтиёзҳои қонунӣ муҳайё кардан  ба манфиати занон аст. Бинобар ин сафи ҳизб аз ҳисоби бонувон меафзояд. Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният ин вожаҳои муқаддас барои занону бонувон аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, занон  даҳчанд вазифадоранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар институтҳои ҷомеа барои пирӯзии ақли солим, устувории давлати демократии ҳуқуқбунёд, сулҳу субот, рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузорад.

Бо умеду  масъулияти баланди ҳизбӣ бовар дорем, ки барои рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ занону бонувони мо насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоянд.

Назурова Суман, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg