БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ УМУМИНОҲИЯВИИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ»

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории аксияи муштараки амалёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” дар 1-қабристони ноҳия, аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Меҳрубони Ҳасан» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо мақсади тоза намудани гирду атроф ва дохили манзилгоҳи деҳа ба ҳашар баромаданд.

Дар рафти корҳои ободонӣ сокинон ба тоза намудани гирду атрофи қабристон машғул шуданд. Дар ин ҳашар зиёда аз 128 нафар аъзои фаъоли ҳизб, сокинони маҳалла ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонро ба иҷро расониданд, ҳамзамон  дар ин аксия имомхатибӣ маҳалла низ иштирок доштанд.

Дар охир ба иштирокчиёни аксия барои пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ  тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg