ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари соҳибистиқлоли мо тантанаҳои ҷашнӣ бо баргузории чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, конфронсу мизҳои мудаввар, маҳфилу шабнишиниҳо миёни тамоми қишрҳои ҷомеа бо маром идома дорад.
Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 12 августи соли 2021, № 34 бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ зери унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки бонувони соҳибноми ноҳияи Ёвон дар қасри Фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Маҳфили мазкурро филми мустанад аз фаъолияти занони собиқадорони ҳизбу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби занон, ҷавондухтарони зодаи соҳибистиқлолӣ зери унвони “Бонувони соҳибноми Ёвон” зиннат бахшид. Аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ ба як қатор занону бонувони собиқадору фаъоли ноҳия Сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Дар воқеъ нуктаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи занону бонувон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ҳафт соли оянда ташаббусҳои созандаи занону бонувонро дастгирӣ карда, нақши занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, ба хотири васеъ намудани фаъолияти занон дар рушди иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” тадбирҳои созандаро амалӣ менамоянд.