БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ояндаи дурахшони миллатанд

ҲАМАДОНӢ.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Исмоил Гадоев бо омӯзгорону хонандагони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ доир намуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ Исмоил Гадоев бо хатмкунандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар бораи нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба занону духтарон, оид ба соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баромад намуд.

Ҷамъомадагон суханрониҳои судманди Исмоил Гадоевро ҳамаҷониба дастгирӣ карда,   чанде аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Пешвои миллат қайд карданд, ки  бо баҳои  хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда дар муассисаҳои олӣ илмомӯзиро идома медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg