АНДЕША. Маҳфил - озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Нақши китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 - 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Ман, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 - 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштам бароям ифтихор буд. Маҳфил - озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Нақши китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат доир гардид. Маҳфил – озмун аз чор давр иборт буд, ки даври якум дар доираи мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашта иштирок намудам, сазовори ҷойи якум гардидам. Дар даври дуюм дар сатҳи ноҳия баргузор гардид, ки сазовори ҷойи якум гардида, бо мукофот ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара сарфароз гардида, роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтам. Дар даври сеюм дар озмуни вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 2 - юм гардидам, ки бо Дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва туҳфаи хотирмон қадрдонӣ шудам ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам.
Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз санаи 18 то 20 августи соли 2021, даври озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “ Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 – 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфил – озмун байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар алоҳидагӣ ва байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ гузаронида шуда, ба ҳар як иштирокчӣ барои муаррифии китоби “ Тоҷикон” вақти озод дода шуд. Даври чоруми маҳфил – озмун аз ду давр иборат буд, ки дар он иштирок намудам сазовори ҷойи 3 – юм гардидам, ки бо мукофот ва Дипломи ҲХДТ, Ифтихорномаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардидам.
Мутолиаи китоби “Тоҷикон ” – и Бобоҷон Ғафуров мо ҷавононро барои таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ, андухтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҷоҳҳуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон, парвариши инсони комил роҳандозӣ менамояд.
ЮСУПОВ Муборакшо, донишҷӯи курси 2 - юми Донишгоҳи давлатии Данғара, иштирокчии Маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Нақши китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”