ВОСЕЪ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ кӯчаҳои маҳаллаҳо дар ноҳияи Восеъ сангфарш карда шуда истодааст.
Ин иқдом аз ҷониби соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Тугарак деҳаи Сулҳобод дастгирӣ ёфта, кӯчаҳои деҳаро сангфарш карда истодаанд. Ва мақсад доранд, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо пешравиҳои назаррас истиқбол гиранд.