Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи "Даҳаи тантанаҳо" бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи муштарак бо ҷалби аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” –и Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва сокинони деҳаи Хлобкароб амалиёт оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ» доир карда шуд.
Дар чорабинӣ масъулони Кумитаи иҷроия иштирок намуда, доир ба мақсади амалиёти муштарк суҳбат намуданд. Баргузории амалиёти мазкур дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар назар аст.