БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОН ДАР ДОИРАИ “ДАҲАИ ТАНТАНАҲО”

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Даҳаи тантанаҳо”, ки баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида буд, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳия  вохӯрии собиқадорон бо иштироки раиси Шӯрои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шомалангзода Саидқул,  муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон-Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳанат дар ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ  ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Сулаймонова Лола вохуриро ифтитоҳ бахшида,  доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешравиҳои ҳизбӣ ба ҳозирин сухан дод. Аз ҷумла Раиси шурои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шомалангзода Саидқул,  муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон, раиси Шурои собиқадорони ҳизб дар ноҳия -Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳанат дар ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, ҷараёни созандагию бунёдкориҳо дар саросари кишвар, мақсаду мароми ҲХДТ ибрози ақида намуда, ҳозиринро ба ҷашни ифтихорбарангези 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфтанд. Дар фарҷом ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg