БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Афзоиши ташкилоти ибтидоӣ - шаҳодати фаъолияти густурдаи ҳизбиён

ПАНҶ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия ва намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Деҳбаланди ҷамоати деҳоти Меҳвар бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар,  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Холов Диловар ва  мудири бахши занон Атавуллоева Зебунисо дар ин вохӯрӣ иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Мавзӯъҳое, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ҷиҳати тақвияти робита бо маҳал мебошанд.

Зимни  баромадҳо оид ба  ҳадафҳои мақсадноки Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар нигаронида шудааст, суханронӣ гардид.

Ҳамзамон, оид ба хатарҳои  ҷаҳони имрӯза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои нангин ва ҳатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд, қайд гардида, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки  муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин омили  хатарноки ҷомеаро руйи даст гиранд.  

Якчанд нафар сокини маҳалла баромад намуда, миннатдории худро барои ташкил ва баргузории чунин чорабинӣ, ки ташвиқкунандаи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, баён намуда, хоҳиш намуданд, ки онҳоро ба сафи ҳизби пешбаранда қабул намоянд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg