БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, 30-СОЛИ ДАСТОВАРДҲО

АНДЕША. Имрӯз мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузург ва таърихии миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандӯстӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Албатта, давраи таърихии 30-сол муддати чандон тӯлонӣ набошад ҳам, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар ин муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд, беҳамто ва таърихианд.

Тавассути ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат имконият ва шароити мувофиқ фароҳам оварда шуда, дар ҳаёти мардум дигаргуниҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Дар ин давра пояҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле устувор гашта, дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ шинохта шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила бартараф намуда, шароити мусоиди зиндагиро фароҳам оварем.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат хеле назаррас буда, сатҳи зиндагии мардум зина ба зина баланд шуда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосиро ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш равона намуда, маблағгузории соҳаҳои номбурдаро сол аз сол афзоиш медиҳад. Зарфи 30-соли Истиқлолият дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангӣ дигаргуниву пешравиҳои зиёд ба назар расида, дар ин муддат садҳо муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш қайд намудаанд, ки: "Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем.

Вале, зикри ин матлаб маънои онро надорад, ки мо ба чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем. Баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба мулки обод табдил диҳем.

Аз ин лиҳоз мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем".

Аз ин рӯ, фаъолон, аҳли зиё ва ҳар як сокини кишварро лозим аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар бунёдкорӣ ва созандагиву ободонии кишвари биҳиштосоямон масъул бошем. Дар хотир бояд гирифт, ки дар пешорӯи ҳамаи мо фарзандони ин сарзамин, истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Ҳамаи моро зарур аст, ки дар ободонии ҳар як гӯшаи зебои Ватанамон бо масъулияти баланд, саҳми сазовори хешро гузорем.

Танҳо дар ин сурат мо метавонем қадру қимати Истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, Пешрафти босуботи Ватани азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тақвияти суботу оромии ҷомеа бо заҳмати аҳлонаву дастаҷамъона дар ояндаи наздик давлати мустақилу озоди худро ба як кишвари ободу пешрафтаи олам табдил диҳем.

Бигзор роҳи кишвари соҳибистиқлоламон ба сӯйи ояндаи дурахшон, ба сӯйи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад.

Қурбонов Абдулҳафиз, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg