Ш. ШОҲИН. Бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадон дар кӯчаи марказии ноҳия дар доираи «Даҳаи тантанаҳо» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум, ки саргарми кор буданд ва барои дар як сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ин ҷашни таърихӣ вохӯрии сарироҳӣ доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ мардуми ноҳияро барои ободу зебо намудани як гӯшаи Ватани азизамон таъкид намуда, онҳоро дар ин кори хайру савоб, ки барои ояндаи насли ҷавон саҳмгузор мебошанд, миннатдории худ ва Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро расонд.