Ш.ШОҲИН. Бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ализода Ахмадчон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳиявии ҳизб Абдураҳмонов Муродмад дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром гузоштан ба аъзову фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба аёдати пири рӯзгордида Одинаев Одина ташриф оварда бо ӯ суҳбати самимона анҷом доданд. Сипас, гурӯҳи корӣ аз ҳолу аҳволи ин марди хирад аз наздик шинос шуда, ба Одина Одинаев туҳфаи молиявӣ тақдим карданд.