БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИСМАТИ НИҲОИИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ШАҲРИТУС. Марҳилаи интихобии 2 аз санаи 10.08.2021 сол  то 18.08.2021 сол дар сатҳи ноҳия байни ғолибони деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуд.

Қисмати ниҳоии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритус аз санаи 19.08.2021 то 24.08.201 сол гузаронида шуда, дар охири қисмати ниҳоии мусобиқаи байни дастаҳои “деҳаи Сайёд”-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ва “деҳаи Меҳргон”-и ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, санаи 24.08.2021 соати 1800 баргузор гардида, дар натиҷаи бозӣ  бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи дастаи  “деҳаи Меҳргон” -и ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов анҷом ёфт. 

Дар фаранҷоми бозӣ туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, барои ҷойи якум  ба дастаи  “деҳаи Меҳргон”-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов  ва ҷойи дуюм  ба дастаи “деҳаи Сайёд”-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов бо Ҷом, диплом ва медалҳо барои ҷойи якум ва дуюм сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg