ШАҲРИТУС. Дар асоси дурнамои соҳаи кишоварзӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия ғунучини пахта (тиллои сафед) дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз нимаи моҳи августи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия саъю кӯшиш доранд, ки барои ҷамъоварӣ намудани пахта (тиллои сафед) ва иҷрои нақшаи дурнамои соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва раисони кумитаи маҳаллаву деҳот дар ҳамкорӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии Пахтакор, корвони пахтаи сафед (тиллои сафед)-ро ташкил намуда, барои иҷрои нақшаи дурнамои соҳаи кишоварзӣ ба заводи “Пахтаи Шаҳритус” супориданд.