Н.ХУСРАВ. Бо мақсади ҷамъбаст намудани озмуни ноҳиявии «Деҳаи беҳтарин» масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ озмуни ноҳиявии « Деҳаи беҳтарин» баргузор намуд.
Комиссияи таъсисёфта корҳои ободонӣ, тозагии маҳал, тоза намудани роҳу ҷӯйҳо, тозаю озода ва рангу бор кардани манзилҳои зисти сокинон, сангфаршкунии роҳҳои кӯчаҳои деҳотро дар маҳаллаву деҳот дидан намуда, деҳаи ғолиби озмунро муайян карданд.
Деҳаи Мирзоободи Ҷамоати деҳоти Фирӯза ғолиби озмуни «Деҳаи беҳтарин» дониста шуд. Бо мақсади бо сокинон баргузор намудани вохӯрӣ дар деҳа бо сокинон мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардида, намоиши ҳунарҳои мардум ва барномаи фарҳангӣ доир карлда шуда, иштирокдорон аз чорабинии ҳизбӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифанд.
Сипас, ба раиси ташкилоти ибтидоии деҳа сипоснома ва туҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд.
Рафти баргузори ҷамъбасти озмун тариқи барномаи телевизиони ҷумҳуриявӣ ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук низ интишор карда шуд.