БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30- СОЛИ ДАСТОВАРДҲО

Н. ХУСРАВ. Бо  мақсади  ҳидояти  мардум  ба  сулҳу  дӯстӣ ва бедор  кардани  ҳисси  боварӣ  ба  ояндаи  нек ва  истиқболи  сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, таъмини  рушди   устувори  иқтисодии  кишвар, тараққии   соҳаҳои   хоҷагии  халқ, инкишофи  нерӯи  инсонӣ  ва  беҳтар  намудани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардум, ки  ҳадафҳои давлат ва  Ҳукумати  Тоҷикистон мебошад,    дар  доираи  «Даҳаи  тантанаҳо» бо  иштироки васеи раисони  ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ, аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб,  омӯзгорон   ва  сокинони  деҳаи  Сангобаи Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  чорабинии  тантанавӣ  ва  намоиши    ҳунарҳои  мардумӣ баргузор  гардид.  

Аъзои  гурӯҳи кории  Кумитаи  иҷроия  аз  намоиши     ҳунарҳои  мардумии маҳсули  дастии  сокинон шинос  шуда, ҷиҳати  боз  ҳам  ривоҷу  равнақ  додани  сифати  ҳунармандон  маслиҳатҳо доданд       

Раиси   Кумитаи  иҷроия  Ализода Сураё  Ҷура  чорабиниро   оғоз  намуда,  дар  мавзӯи  «Рушди  соҳаҳои  хоҷагии  халқ  дар  даврони  Истқлолият» беҳтаршавии  сатҳи  зиндагии мардум, ободу  зебо  гардидани   деҳот,  саҳми  Пешвои  миллат  дар  раванди  ободонию  шукуфоии  кишвар, дастовардҳои  даврони  Истиқлолият андешаронӣ намуд. Сппас,   собиқадори  ҳизб аъзои  гурӯҳи  корӣ  Рӯзиев  Ёрқул  дар бораи  датовардҳои   кишвар  зери  роҳбари  Пешвои  миллт  ба  даст  омадаро  як  -як  шарҳ  дод.

Дар охир муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав,узви  гурӯҳи  корӣ Азимзода  Машҳура доир  ба дастовардҳои  даврони  Истиқлолият  дар  соҳаҳои  хоҷагии  халқи  мамлакат маълумот дод.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, ба  як  гурӯҳ  ҷавононе, ки  ба  сафи  ҳизб  аъзо  шудаанд,  ботантана шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ  супорида  шуд.

Ҳамчунин  аъзои  фаъоли  ҳизб  бо  сипосномаҳои  ҳизбӣ  қадрдонӣ гардиданд.

Аз ҷониби  дастаҳои  ҳунарии  муассисаҳои  таълимии  ҳудуди  Ҷамоат  барномаи  консертӣ  баргузор  гардид.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg