![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG-0e892140ba9b5d54ed05309bd6f42e4c-V.jpg?itok=WMaZ5ZaN)
ВОСЕЪ. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал бо сокинони деҳаи Кайнаҳри ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар он ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат баромад карда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҳизб суханронӣ намуд.
Инчунин, оид ба суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид маълумот дода қайд кард , ки бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзанд ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра баранд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аъзову ҷонибдорони ҲХДТ аз иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳа якдилона овоз доданд.