АНДЕША. Таърихи башарият бисёр мардони бузургу хирадманд, далеру шуҷоъ, муборизи ҳақиқии роҳи адлу инсоф, озодию истиқлол ва хушбахтии инсонро, ки саҳнаи зиндагиро маҳз бо хизматҳои таърихии худ орою пуробуранг намудаанд, дар саҳофоти худ сабт кардааст.
Боиси хушбахтист, ки дар даврони мо, хусусан дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикору самимияти махсуси Пешвои миллат ба гузаштаи пурифтихору пурғановати халқу Ватан ва башарият бо хизматҳои бузурги таърихиашон шинохта шудаанд, аз сари нав арҷ гузошта мешавад ва чи тавре ки мегӯянд: «Бузургонро бузургон зинда медоранд».
Аз он сарфарозем, ки имрӯз дар даврони мо низ фарзонафарзандони миллат идомабахшандаи хизматҳои таърихии бузургони гузаштаамон буда, дар саҳнаи зиндагӣ мақому манзалати шоиставу пурифтихори худро дарёфт намудаанд аз ҷониби халқ сазовори ифтихори сидқию самимӣ гардидаанд.
Иқрор шудан ба маврид аст, ки фарзандони содиқи миллат дар солҳои пеш бо ранҷу машақати зиёд номи миллат ва Тоҷикистонро зинда гардонида, бароямон як минтақаи биҳиштосоро ба мерос гузошта бошанд, дар охири қарни гузашта душманони ин миллату халқи Ватан мардумро ба фалокати шадиде рӯ ба рӯ карданд. Маҳз ТЭТ ҲНИ тавассути ақидаи инсонии худ қариб буд, ки Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест созанд. Хушбахтона, иҷлосияи таърихии сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди далеру шуҷоъ ва хеле дурандешу тадбирдони тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъияти даҳшатбори сиёсӣ иҷтимоӣ ва маънавии онвақта тамоми донишу маҳорат ва малакаҳои то ин давра омӯхтаю азбаркардаи худро истифода бурда, ҳикмату дастурҳо ва таҷрибае, ки тавассути бузургон гузашта дастрас карда буд, сармашқи кори худ намудаву дар талоши ваъдаҳои додаи худ аз соату рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат сидқан камари ҳимат бастанд.
Бале, халқпарварҳо ҳамеша ғолибият ба даст меоранд, ба доди мардум мерасанд, дар ҳаққи халқ инсон ғамхорӣ мекунанд. Ана дар ҳамон лаҳзаҳои ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон ба доди мардум расида, баҳри сулҳу оромиш ва осоишу ҳамдигарфаҳмӣ ҷон ба каф гирифта мубориза бурданд. Ин буд, ки дар як муддати муайян ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар миёни мардум ба амал пайвастанд.
Имрӯзҳо ҳадафҳои асосии мардуми кишвар -таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва рушди босуръати саноат бо ибтикор ва раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок амалӣ шуда истодаанд. Зиндагии мардум хеле пешрафтааст.
Ҳамаи ин муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал пайвастанд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири асри 20 ин ҷумҳуриро аз ҳолати нобудӣ наҷот бахшид ва давлати навини тоҷикон- ҷумҳурии демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистонро асос гузоштанд.
Ҳошимов Тоҳир, мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ