БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ БО СОКИНОН

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи нақшаи мулоқоту вохӯрии гурӯҳи кории Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амиршои Хатлонӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Кангурт» бо Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Дар ин вохӯри раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳия Файззода Меҳринисо, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид ва аъзову фаъолони Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия иштирок намуданд.

Сараввал сухани навбатиро Амиршои Хатлонӣ ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, аъзову фаъолони Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳияро барои ободу зебо намудани як гӯшаи диёри азизамон ба созандагиҳо даъват намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки мулоқоти мазкур дар доираи «Даҳаи тантанаҳо» бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg