ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Панҷ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Худ ва наздикони худро аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 эҳтиёт кунед!” баргузор карда шуд.
Зимни баргузории аксияи мазкур масъулин варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро оид ба усулҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” ба сокинон тақсим карда, таъкид намуданд, ки пеш аз ҳама бояд гигиенаи шахсиро риоя намоянд, то ки ҳаёти худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз созанд.