ҶАЙҲУН. Ҷиҳати омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2021-2022, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин аз ҳолати корҳои таъмири ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6- и ноҳия дидан намуд.
Зимни боздид маълум гашт, ки ҳамаи корҳои таъмиру рангубори дохил ва берунии муассисаи мазкур ба пуррагӣ ба анҷом расида, барои хонандагон ҳамаи шароити хуби замонавии таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, толори муассиса бо аёният ва курсиҳо барои гузаронидани маҷлису чорабиниҳо пурра муҷаҳҳаз гардидааст.