БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эшони Қиёмиддин асрори ифлоси наҳзатиҳои лаънатӣ ва охундшиаҳои эрониро фош кард (ё худ наҳзатиҳо ғулом ибни ғулом ибни ғуломанд)

АНДЕША. Дар ҳар давру замон гумроҳоне пайдо мешаванд, ки дар пайи васвасаҳои нафсонӣ равони поки инсониро ба шайтон фурухта, бо даруни пур аз буғзу фасод ва хиёнату бадхоҳӣ миёни дигар инсонҳо тухми бадӣ мекоранд. Ба ривояти куҳан ин тоифа мисли ҳамон нафари якчашмае ҳастанд, ки ҳарду чашми мардумро кур мехоҳад. Ва ё чун ҳамон кузпуште, ки аз Худо на талаби рост шудани қомати худ, балки куз шудани пушти дигаронро талаб дорад. Хоинон ҳам ҳамин тинатро доранд. Чун дар роҳи хиёнат фирефта шуда рафтанд, ҳатто агар хато будани роҳашонро дарк кунанд ҳам, на танҳо ислоҳ шудан намехоҳанд, балки кӯшиш мекунанд ҳарчи зиёдтар мардумро ба роҳи хатои худ баранд.

Дар таърихи навини тоҷикон чунин тоифа гуруҳе аз наҳзатиёни ватанфуруш буданд, ки бо сӯистифода аз фазои сиёсии солҳои навадум ва ноустувории пояҳои давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон суботу оромиро барҳам зада, ба қавле нагузоштанд, ки мардум дар гирудори таҳаввулоти пошхурии ИҶШС нафас рост кунанд.   

Бо вуҷуди ин ҳама бадиву бадкориҳо, рехтани хуни ҳазорон нафар, бехонаву сарпаноҳ, гуруснаву хонавайрон ва мотамзада кардани миллионҳо нафари дигар ба хотири амнияту субот ва сулҳу оромӣ давлату ҳукумат гуноҳи онҳоро бахшид, то бошад, ки бо дидани оқибатҳои кори худ дар сар хуранду пушаймон шаванд ва аз роҳи бад гарданд. Дар идома низ давлату миллат ин тоифаро бо вуҷуди зоҳир шудани ҳаракатҳои хиёнаткоронаашон солҳо таҳаммул кард. Чи кунем, ки мо миллати таҳаммулгаро ҳастем, ҳатто дар баробари душманони хуниву мазҳабиамон ҳам. То замоне таҳаммул кардем, ки наҳзатиёни лаънати моҳи сентябри соли 2015 дубора яроқ ба даст гирифта хуни ноҳақ рехтанд...

Тавре аз расонаҳо огоҳем ба наздики яке аз саркардагони наҳзатчиён бо номи Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ё худ эшони Қиёмиддин боздошт гардида ба як қатор гуноҳҳои кабираи худу ҳамммаслакони хоинаш иқрор шуд. Дар филми ҳуҷҷатии “Решаҳои ноаён” эшони Қиёмиддин як қатор асрори ифлоси наҳзатчиён ва хоҷагони хориҷиашонро фош сохта, қайд намудааст, ки дар пушти ин ҳама дасисаҳо дастгоҳи ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон ва нерӯҳои ҳарбии “Сипоҳи посдорони инқилоб”-и ин давлат меистодааст. Ҳамзамон, ошкор гардид, ки “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ин номи аслии ҳизби мазкур набуда, танҳо ба хотири ҷузъе аз Тоҷикистон нишон додани худ чунин номгузорӣ шудааст. Дар асл бошад гуруҳи наҳзатчиён бахше аз созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” мебошанд, ки аз тарафи ҶИ Эрон барои тахрибкориву анҷом додани амалҳои террористӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст.

Дар зимн Эшони Қиёмиддин ва дигар саркардагони гуруҳи наҳзат пинҳонӣ узви созмонҳои ҷосусии ҶИ Эрон гардида, ба як дастгоҳи иҷрои супоришҳои хориҷиён табдил ёфтаанд. Бо сӯистифода аз дину оини мардум ва бовариҳои динии ҷомеа, ки чунин шахсонро “тақводор” мешумориданд, ин тоифаи хоин аз тӯю худоӣ ва маргу шодии сокинон ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ зери шиори “амри маъруф” супоришҳои хоҷагонашонро иҷро мекардаанд. Дар меҳвари ин супоришҳо агар аз як тараф моил кардани ҷомеа ба ақидаҳои шиагароӣ бошад, аз тарафи дигар шуронидани мардум бар зидди ҳамдигар ва барпо кардани фитна миёни ҷомеа буд. Ба унвони мисол, яке аз ин фитнаҳо ин ҳаром эълон кардани нони омӯзгор ва ҳаром гуфтани доруву дармони табобатхонаҳо буд. Яъне мардумро нисбати ду қишри умдаи ҷомеа, ки яке масъули мафкураи солим ва дигаре масъули ҷисми солимаш ҳаст шӯрониданд.

Мавзӯи шиагароияшон ҳам дар ҳоле равшан шуд, ки чун соли 2009 дар кишвар Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид, наҳзатиҳо низ ночор дар қароргоҳашон як ҳамоиш карданд. Он ҳам чи ҳамоише? Дар он ҳамоишашон дар бораи таълимоти Имом Абуҳанифа, нуктаҳои меҳварии мазҳаби ҳанафӣ ва дигар унсурҳои хоси он чизе гуфта нашуд. Баръакс, наҳзатиҳо дар баромадҳояшон бечоранолӣ карданду ба танқиди ҳукумат гузаштанд ва инро ба қавли худашон “як иқдоми тактикӣ” муаррифӣ намуданд. Яъне наҳзатиҳо бо ин чорабинии бо ном ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам бахшидашуда бештар рӯи ҳадафҳои сиёсии худашон мутамарказ гашта, дар зимн ба чашми мардуми ҳанафимазҳаб хок пошиданд. Яъне бо ин бозиҳои пасипардагӣ ҳам хоҷагони шиаашонро қонеъ кардан хостанду ҳам мардуми ҳанафимазҳабро. Инчунин, дар идома бо истифода аз тамоми маҳоратҳои аз ҷосусони эронӣ ёдгирифтаашон кӯшиш карданд бо дуруғпароканиву фитнаангезӣ ин иқдоми бузургро камранг нишон диҳанд.

Дар баробари муздури шиаохундҳо ва ҷосусони ҶИ Эрон будани наҳзатиҳо, ки ҳамзамон яке аз гуруҳҳои “Ҳизбуллоҳ” ба ҳисоб мераванд, Эшони Қиёмиддин аз дигар амалҳои нопокашон ёдовар шуд. Аз муҳтавои гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки барои наҳзатиҳо ҷони инсон қадре надорад ва онҳо омодаанд барои ба сари қудрат омадан тамоми мардуми Тоҷикистонро ба қатл расонанд, Тоҷикистони чун гул шукуфонро ба куҳи хокистар табдил диҳанд, яъне бо ҳар нархе ки набошад супориши хоҷагонро иҷро намуда, миллати тоҷикро ҳазор соли дигар ғуломи бегонагон созанд. Дар воқеъ, маблағҳои ҳангуфте, ки онҳо аз хоҷагонашон гирифтаанд, ҳафт пушташонро бе банд баста, ғуломи ҳалқабаргуш кардааст. Дигар ин наҳзатиҳои ғулом ибни ғулом ибни ғуломшуда чораи дигаре ба ҷуз итоат надоранд ва то мисли ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода саг барин мурданашон бар зидди оромиву суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол чи гарму чи сард меҷанганд. Ҷанги шармандаворе, ки барои ҳафт пушташон танҳо бадномӣ меорад. Фарзандонашон ҳам то охири умр аз он шарм дошта хиҷолат мекашанд, ки аз чунин хоинон ба дунё омадаанд. Наҳзатиҳои гумроҳ зери таъсири “бале”-гӯиҳои хоҷагонашон шояд имрӯз он қадар воқеияти бадбахтии худро ҳис накунанд. Аммо бо мурури замон эҳсос мекунанд, ки ҳатто шахсони нобинову кӯзпушту аз забону гушу дасту по маҳрум ҳазорҳо маротиба хушбахттар аз он хиёнаткорон мебошанд. Зеро доғи хиёнат дар пешонии ин наҳзатиҳои бадбахт то қиёмат боқӣ монда, ба унвони мисол ҳатто мисли Эшони Қиёмиддин узрхоҳӣ карданашон ҳам он доғро тоза карда наметавонад.

Таърихи сиёҳи наҳзатиён дарси ибрат барои ҷавонон мебошад, то зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи чунин “дингароён”-и шайтонпараст нагарданд ва як умр зери бори доғи хиёнаткорӣ ва бенангиву беномусӣ намонанд.

Орзу Ҳамидиён – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg