БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ.  Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон        дар толори маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хаилон – Ализода А. А.,  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Орзу Ҳамидиён, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, ба дастовардҳои онҳо баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор довталабоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, волидайни ҷоизадорони озмунҳои ҳизбии “Мо бо Шумоем!”, “Нақши китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”  ва як қатор раисону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардиданд. 

Инчунин,  ба дастаҳое, ки дар марҳилаи дуюми  мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”  љойњои 1, 2, ва 3-юмро ишѓол нумаданд, бо ҷом, Сипоснома, медал ва туҳфаҳои пулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардиданд.

Мавриди зикри хос аст, ки чорабинии мазкур бо барномаи фарҳангии ташкилотҳои ибтидоии “Фарҳанг” ва “Фалак”  ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg