ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи кории назди Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳоро бо соконони Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ва Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав баргузор намуданд.
Вохӯриро муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев В ва раиси шурои собиқадорини ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён -муҳтарам Саидмуродов Шодӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз сокинони кишварамон бо як масъулияти баланд ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон сарҷаъм буда, бо кору амали созандаи худ барои зиндагии шоиста ҷаҳду талош менамоянд.
Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Саидмуродов Шодӣ дар бораи санаи муҳими таърихӣ, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас аст, андешаронӣ карда, гуфт, ки имрӯзҳо мо мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлол қарор дорем. Ҳамаи мову Шуморо зарур аст дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷаъм бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем. Инчунин, мавсуф дар идома қайд намуд, ки мақсади баргузории чорабинӣ таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, ҷамъбасти дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.