АНДЕША. 30-сол муқаддам миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ ноил гардидем, ки ҳоло тамоми мардуми кишварамон ҷаҳду талош доранд, ки ин ҷашни бошукӯҳро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд. Дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни шукӯҳманд мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди Тоҷикистон буда, бо меҳнати софдилона сазовор истиқбол намудани он рисолати ватандорӣ, ифтихори миллии ҳар яки мост.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибҳираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибиҳтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили ҳешро дошта бошад.
Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳалқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳёи давлати миллии худ ноил гардид. Агар барои аксари чумҳуриҳои собиқ давлати абаркудрати ягона, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолият ба осонӣ муяссар гардида бошад , барои Тоҷикистони мо расидан ба ин неъмати бебаҳо ниҳоят гарон афтод. Бархурди манфиатҳои доираҳои гуногун, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Лекин ба шарафи ҳиради азалии миллати тоҷик бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Раиси ҲҲДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари парокандашавии миллат ва ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистон эмин дошта шуд.
Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таъриҳиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили давлати соҳибиҳтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоиста буд. Албатта, барои ба ин ҷараёни созанда ноил шудан, аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯхта, аз таҷрибаи ҷаҳони муттамаддин баҳра бардоштем. Ниёгони мо ҳанӯз зиёда аз 1100 сол пеш анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва орзуҳои волои миллӣ, ки дар меҳвари давлатии муттамарказии Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шуҳрат пайдо карда буданд. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш ҳудро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳомулгар муаррифӣ кардааст.
Имрӯз Тоҷикистони азиз ягонаи мо таҳти сарварии фарзанди содиқу ҳирадманди худ, Раиси муаззами ҲҲДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддунаш ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба шоҳроҳи бузург ворид гардид, ки ҳадафи асосии мардуми он бунёди давлати демократии дунявӣ, ҳуқуқбунёд, таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин муддат, ҷашни санаҳои муҳими таърихӣ таҳкими дастовардҳои Истиқлолият баргузории чорабиниҳои байналҳалқӣ дар Ҷумҳурии мо, бори дигар шаҳодати афзун гардидани нуфузу обрӯи мамлакатамон дар арсаи байналҳалқӣ мебошад.
Айни ҳол кишвари соҳибиҳтиёри тозабунёди моро беш аз 150 мамлакати муттарақии дунё эътироф намуда, ба расмият мешиносанд. Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмони миллали муттаҳид, созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва аъзои 35 адад ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои кишварҳои дигари дунё дар назди бинои Созмони миллали муттаҳид партафишонӣ мекунад. Дар тӯли 30-сол барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ҳазорҳо километр роҳҳои нави замонавӣ сохта шуда, Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои дунё пайваст менамояд. Ин роҳҳо Ҷумҳуриро ба мамолики Осиёи Марказӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст намуд. Тоҷикистон имрӯз бо шарофати бунёди пулҳо на танҳо бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, балки бо мамолики бурунмарзии дуру наздик равобити иқтисодию фарҳангӣ пайдо кард. Барои ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ садҳо неругоҳҳои барқӣ хурду миёна сохта ба истифода дода шудааст. Дар муддати 30 соли истиқлолият дар бахшҳои муҳталифи ҳоҷагии ҳалқ дигаргуниҳои назаррасе ба амал омада, корхонаҳои нави саноатӣ иншоотҳои дигари аҳамияти миллӣ дошта арзи ҳастӣ намуданд. Мардуми шарафманди ноҳия дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲҲДТ ва қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳуриро сармашки кори ҳуд намуда, таҳти сиёсати пегирифтаи Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузург фидокорона меҳнат намуда истодаанд.
Албатта, 30 сол дар назди таърих як лаҳза аст, вале барои мо тоҷикистониён ин солҳо қиммати чандин асрро доранд. Зеро ин солҳо барои ин ҳалқи кӯҳанбунёд давраи муборизаву талошҳо, ҷустуҷувӯ бозёфтҳо санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ дар назди таърих ва аҳли башар буданд. Ва шукрона мекунем, ки аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо сарварии Роҳбари давлатамон сарбаландона баромадем.
Бо ин нияти нек, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми шарифи тоҷику Тоҷикистониёнро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвари азизамон хонаи обод, сиҳатию саломатӣ, шодию фараҳ, дастархони пур аз нозу неъмат ва дар корҳои ояндаашон баҳри пешрафту шукуфоии кишварамон бурдбориҳо таманно менамоям.
Иди Истиқлолият муборак, ҳамватанони азиз!
Абдуллоев Ваҳобиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён