БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА НИҲОЯТ ПУРАРЗИШ

АНДЕША. Тоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шӯҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд.

Давлати ҷавони тоҷик аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод ва барои ягонагии халқи тоҷик ва таъмини якпорчагии сарзаминамон саъю кӯшиши зиёде кард.

Зимни талошҳои инсондўстона ва ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд.

Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулода дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд.

Чи тавре ки њар як шањрванди Тољикистони соњибситиќлол ёд дорад, баробари ба даст овардани истиқлолият мардуми мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва кор ба ҷое расид, ки масъалаи ҳастии миллату давлати тоҷикон зери хатар қарор гирифт. Яъне хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти бисёр талху даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Вазнинтарин талафоти мо дар он рӯзҳо ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор шаҳрвандонамон буд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар модарону занон аз фарзандону шавҳарони худ ва даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон аз падару модар, яъне парастори худ маҳрум шуданд.

Бар асари воқеоти мудҳиши он рӯзҳо як миллион нафар шаҳрвандони мо гуреза шуданд, иқтисодиёт пурра хароб гардида, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, ҳазорон мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхтанд ё валангор шуданд ва хисороти моддӣ аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Ба сари мардуми кишвар бори гарони ғаму андӯҳ, тарсу ҳарос ва ноумедӣ аз фардои зиндагӣ бор гардид.

Дар чунин шароити ниҳоят сангину фоҷиабор ягона воситаи аз вартаи парокандагӣ ва маҳвшавӣ наҷот додани миллату давлат ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, ба ҳамдигарфаҳмиву ризоият даъват кардани мардум, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ буд. Зеро бе давлати миллии соҳибистиқлол тамоми орзуву омоли таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Хушбахтона, бо заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванди сарнавиштсозро аз сар гузаронида, сулҳу салоҳро дар кишварамон таъмин гардонидем, фирориён ва гурезаҳои иҷбориро ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидонидем ва харобиҳои ҷанги шаҳрванди марҳила ба марҳила аз байн рафт.

Ҳамчунин кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд.

Имрўзҳо мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

Барои мо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.

30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба Тоҷикистон азиз сулҳу суботи ҳамешагиро таманно дорам.

Ҳусейнзода Наврўз, раиси ташкилоти ибтидоии «Каёнварз»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg