АНДЕША. Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд. Либоси миллӣ ин тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Зан-модари тоҷикро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиашон мешиносанд. Чакану атлас зеби духтари тоҷик буда, ҳар як нақшу ранги вай гуфтании худро дорад ва ба ҳусни зебои духтари тоҷик зебогии дигарро зам мекунад. Пӯшидани либоси атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад, балки либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик ба ҳисоб равад.
Баъзе занону модарони тоҷик тақлид ба фарҳанги бегона намуда, рӯймолбандӣ мекунанд, ки ин зеби занои тоҷик нест. Баъзе ҷавондухтарон бошанд дар рўзи тӯйи арӯсиашон харҷи беҳуда намуда, аз 800 то 3000 ҳазор сомонӣ либоси аврупоӣ (фата) иҷора гирифта ба бар мекунанд, ки либоси аврупоӣ ҳеҷ вақт ҷои либоси миллиро гирифта наметавонад.
Духтарон ва баъзе аз занони тоҷик аз пушти муди хориҷӣ рафта, ҳиҷобу сатр ва либосҳои танги дарида мепӯшанд. Тақлиди фарҳанги бегона мекунанд. Мо фаъолон бояд пеши роҳи ин бегонапарастиро бигирем. Мо бояд фарҳанги миллии худамонро ҳифз намоем. Пайравӣ ба суннатҳои чандинҳазорсолаи худ кунем. Либоси миллиро дар кишвари худ берун аз он тарѓиб намоем. Модоме, ки либоси миллии мо нишона аз фарҳанги миллӣ, пас биёед фарҳанги миллиро аз бегонагон ҳифз намуда, ба ояндагон бо аслаш боқӣ гузорем. Чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гаштаву баргашта, оид ба ҳамин масъала таъкид мекунанд,ки «Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд».
Сатторов Ш., мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар н.Вахш