Н.ХУСРАВ. Мулоқоту суҳбатҳо бо усули «Хона ба хона» ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон масъулини Кумитаи иҷроия ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот рафта, аз ҳар як оила дидан намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромада истодаанд.
Ин навбат масъулин аз хонаҳои сокинони деҳаи Бешкаппаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз дидан намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрокаи сокиноро ба тирамоҳу зимистон дида баромаданд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҳар як сокини деҳот даъват ба амал оварданд, ки аз замину об самаранок истифода бурда,ҷамъоварӣ ва захираи маводи хӯрокаро афзун намуда, захираи хӯрокаро дар мавсими зимистон аз имрӯз бояд саъю талош намуда, аҳли оилаи худро аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ эмин нигоҳ доранд.
Ҳамзамон вобаста ба хуруҷи мавҷи нави КОВИД-19, коронавирус ва роҳҳои пешгирии онро фаҳмонида дода, барои пешгирии аз сироятёбии ба ин вирус ба сокинон варақаҳои иттилотӣ тақдим карда шуда, ҳатман гирифтани ваксинаро аз хотир набароранд.