Н.ХУСРАВ. Корҳои фаҳмонидадиҳию таблтғотӣ оид ба роҳҳои пешгирии сироятёбии аз вируси КОВИД-19, коронвирус, дар байни сокинони деҳоти ноҳия ҳамарӯза баргузор гардида истодааанд.
Ин навбат масъулин дар ҳудуди деҳаи Бешкаппаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона» ташриф оварда, аз паёмадҳои вазнини коронавирус ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои беҳдошти санитариро дар хонадонаш ба роҳ монда, шустани дастон, бо собун ва маводҳои антсептикӣ, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, безарурат набаромадан аз манзилҳои зисташонро фаҳмонида дода, таъкид намуда истодаанд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд. Ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки дар пешгирии коронавирус гирифтани ваксина хеле муфид ва зарур буданашро фаҳмонида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақдим намуданд.