ПАНҶ. Яке аз иншоотҳои ҷашние, ки дар маркази ноҳияи Панҷ сохташудаистода имрӯз раванди корҳои сохтмонӣ дар он вусъати тоза пайдо намудаанд, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мебошад.
Бинои мазкур имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия, Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Молу мулки ғайриманқул» -и ноҳия сохта шуда истодааст. Дар ин бино аллакай 82 фоизи корҳо ба анҷом расонида шуда, корҳои дигари сохтмонӣ бомаром идома дорад.