БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАСБУ ҲУНАР - МОЯИ ИФТИХОР ВА РИЗҚУ РӮЗИИ ИНСОН

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

АНДЕША. Оре, ҳар як инсони рӯи замин ба худ касб ё пешае дорад, ки тавассути он ризқу рӯзӣ дарёфта, зиндагии хешро пеш мебарад. Касбу ҳунар дар қалби инсон ҳанӯз аз овони хурдӣ ҷо гирифта, рӯз то рӯз устувортару азизтар мегардад. Насли наврас аввало бештар ба волидайни худ, ки ҳунарманду соҳибкасб ҳастанд, пайравӣ намуда, аз онҳо барои худ дарси хубе мегиранд. Баъдан бо кумаки омӯзгорон ё шахсони соҳибкасбу соҳибҳунар, ки аллакай бо ҳунари худ дар байни ҷомеа обрӯю эътибори баландро касб намудаанд, пешаеро интихоб намуда, баҳри омӯзиши он саъю кӯшиш намуда, дар ҷомеа мавқеи хешро муайян мекунанд.

Дар интихоби касб инсон бояд ҷиддӣ, дурандешона ва таҳаммулпазирона рафтор намояд, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёде пеш меоянд. Шахсоне, ки нисбати касб ҷиддӣ ё таҳаммулпазир нестанд, наметавонанд дар зиндагӣ ба ягон касбу пешае ноил гаштаву соҳиби ҳурмату эҳтироми хосса гарданд.

Агар инсон пешаи дуруст интихоб карда меҳнат намояд, пас ӯ дар зиндагӣ ба ранҷу азоб дучор намегардад ва ба осонӣ ҳама мушкилотро паси сар менамояд.  Ҳунари воло ба кас давлату хушбахтӣ ва ободиву нур ато мефармояд. Шахси ҳунарманд ва соҳибкасб пеши ҳама кас азизу соҳибиззат аст, зеро бо касби худ ба ҳама нафърасон ва роҳатрасон аст.

Инсон дар тӯли умраш, ки ба ӯ танҳо як бор муяссар мегардад, бояд пешаи дуруст ва ба табиати худаш мувофиқро интихоб карда, бо заҳмати пурмаҳсул ҳам ба аҳли оила ва инчунин ба ҷамъият нафъу баракат оварад.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg