БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ АФҒОНИСТОН! ВАТАНИ ХУДРО АЗ ДУШМАН ҲИФЗ НАМОЕД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагон аз вазъияти ба амаломада дар Ҷумҳурии Афғонистон огоҳ ҳастем. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои мардуми ҳамсоякишвари мо, зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, зеро ки мо бо ин кишвар аз 1400км ҳамсарҳадӣ дорем. Ҳаракатҳои ҷангҷӯёнаи гурӯҳи террористию экстремистии «Толибон»  тамоми минтақаҳои гуногунро ба хатар мегузорад.

Моҳҳои охир вазъияти сиёсӣ дар кишвари Афғонистон бениҳоят муташанниҷ ва мураккаб гардидааст. Ин гуна вазъият тамоми минтақаҳои ҷаҳон ва махсусан кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистонро нигарон намудааст. Рӯзи 15-уми август гурӯҳи «Толибон» вориди Кобул шуданд ва қасри раёсати ҷумҳуриро тасарруф намуда, Парчами давлатии Афғонистонро гирифта, парчами ҷангҷӯёнаи худро баорафрохтанд.

Барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат тамоми мардуми Афғонистонро мебояд, ки аз як гиребон сар бароварда, хоки муқаддаси сарзаминашонро аз дасти бадхоҳони миллат наҷот диҳанд. Аз даст надодани хоки Ватан, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва муқаддасоти миллӣ бевосита бо роҳбарии сарвари оқилу доно ва ватандӯсту миллат насиби халқу миллат мегардад.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш мебоист, ки кишварро тарк накарда, миллат ро аз парокандагӣ ва хоки муқаддаси аҷдодиашро аз дасти ин гурӯҳи террористӣ  наҷот медод. Набояд ки ҷони мардуми бегуноҳ, занону духтарон ва кӯдакон дар зери хатар гузошта ҷони худ ва наздиконашро ҳифз намуда, аз кишвар фирорӣ мешуд.

Аз муносибати раисҷумҳури Афғонистон мардумаш сахт рӯҳафтода гардиданд. Ин лаҳзаҳо бояд лаҳзаи нангу номус ва наҷот додани тақдири давлату миллат бошад. Ба мардуми ҳамсоякишварамон гуфтанием, ки «Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст.», ба таҳлука наафтанд, барои ҳизфи Ватани  хеш сина сипар намуда, бо душман мардонавор мубориза баранд. Ба ояндагони худ Ватани ободу зебо ва тинҷу оромро ба мерос гузоранд.

Салимова Сабоҳат,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg