Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкориро бо баргузории Аксияҳои ҳизбӣ ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот ва муҳайё намудани шароити зиндагии осоиштаи сокинон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дирӯз бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизб ва кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маҳалла” дар маркази ноҳия ҷасмоати шаҳраки Баҳор Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, боғи фарҳангии навбунёди маркази ноҳия тоза тоза карда шуд.
Ҳамчунин дар кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ ҷӯю қубурҳои обгузар аз партову лойқа тоза карда шуд.