ФАРХОР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки махсусан дар рӯзҳои ҷашнӣ ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд.
Ҳамзамон, бо сардорони оилаҳо ва шахсони алоҳида оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, аз заминҳои онҳо дидан карданд.