БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АДАБ ТОҶЕСТ АЗ НУРИ ИЛОҲӢ...

АНДЕША.  Дар ҳақиқат адаб тоҷ аст, чун тоҷ пӯлодин аст метавонад сарро аз зарбаи шамшер нигоҳ дорад. Одами беадаб ба мисли дарахти сари роҳ аст, ҳар роҳгузоре хоҳад ба ў санг мезанад. Одами беадаб ба мисли пистаи пуч аст дар ҳеҷ куҷо иззату эҳтиром пайдо намекунад ва ҳамеша зери маломат мемонад. Беадабӣ як хислати бадӣ инсонӣ буда, ҳеҷ гоҳ намегузорад инсон дар ҷамъият мавқеи худро пайдо кунад. Инсон пеш аз хама бояд тарбиятгари хеш ва аз шахси беадаб адаб омўзад. Ба  шахсе савол додаанд, ки адабро аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт аз беадаб чихел барои он ки кореро, ки ў кард ман накардам.

Агар инсон хислати хуби инсониро доро бошад, ҳеҷ гоҳ озоре намебинад ва ҳамеша соҳиби  эҳтироми ҷамъият мегардад. Барои инсони комил шудан шахс бояд пеш аз ҳама одоби хуб дошта бошад.

Мо он либоси зебое, ки ба бар менамоем, ин нишони одамии мо нест,  Инсон аз ҳайвон на бо либос балки бо ақл, заковат одоб фарқ мекунад. Пас бо одоб бошед, хоксор бошед,  ҳамеша кӯшиш намоед, ки дили касеро наозоред.

Ин аст одоби инсонӣ- дили пок доштан, касеро наозурдан, хамеша хоксор будан, сари як бечора ё ятимеро сила кардан. Агар шахс ин хислатҳоро дошта бошад, пас  он шахсест, ҳамеша адабро чун тоҷ болои сар дорад.

Сафархони Муҳаббат,  мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар н. Восеъ                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg