БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

АНДЕША. Дар воқеъ, оини давлату давлатдории тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, баъд аз ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гардидааст. Миллати сарбаланди тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рӯйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст. Маҳз рисолати истиқлолхоҳии фарҳангӣ тавонист, ки миллати борҳо аз истиқлолияту давлатдорӣ маҳрумгаштаи моро боз ба истиқлолияту соҳибдавлатӣ расонад.

Инак, имсол аз он санаи фархундае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, 28 сол сипарӣ мегардад. Имрӯзҳо мардуми саодатманди кишварамон барои ба таври сазовор истиқбол намудани  ин ҷашни муборакқадам дилгармона омодагӣ дида истодаанд.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистони маҳбуби моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифӣ намуд. Арҷгузорӣ ба арзиши волои истиқлолияти давлатӣ гувоҳи равшани ҳувияти миллии халқи соҳибтамаддуни Тоҷикистон аст.

Дар давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ давлат ва миллати мо рӯзҳои душвору пуртазод, равандҳои нави таърих, вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнинро бурдборона паси сар намуда, бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид, ба бунёди рукнҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуд, ваҳдату ягонагии худро нигоҳ дошт ва устуворона дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам гузошт.

Имрӯз шукрона мекунем, ки ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Бо шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат мардуми мо тавонист, ки нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориро амалӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ камари ҳиммату мардонагӣ бубандад. Сохтмони садҳо километр роҳҳои оҳану мошингард, садҳо корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, нақбҳои азим, иншооти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ, мактабу беморхонаҳо, рушди соҳаи энергетика, алалхусус, ба кор даровардани агрегати якуми  иншооти азими аср- Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи мо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошанд.

Истиқлолият моро ба сӯйи асолати милливу ифтихори  ватандорӣ роҳнамоӣ карда, барои расидан ба рӯзгори ободу осуда ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар, мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, баҳри таҳким бахшидан ба рукнҳои ин арзиши муқаддас нерӯ, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем. 

Моҳи сентябри соли 1991  ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар  дар саҳифаҳои таърихи  давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатиро  дар кишвар мо дар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Дар яке аз ҳикматҳои юнонӣ омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки  ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некӯаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».

Дар ҳақиқат бо хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати  мақдамаш  неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо - сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Академик В.О. Ключевский гуфтааст, ки «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ӯ тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад ».

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодати медиҳад, ки  ҷониссориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Арастуи бузург мегӯяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақикат мегӯянд, ки агар шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, боғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрӯзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ӯ ватандӯстаст, далериву ҷасури дорад…

Имрӯз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.

Бошад, ки мо мардуми тоҷик ва Тоҷикистони имрӯз як маром ва як мақсад дошта бошем. Мақсади пойдории сулҳу суббот ва ободии Тоҷикистон ба қадри он дастовардҳое, ки  бо заҳмату талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст оварда шудаанд, бирасем ва  кӯшиш намоем, ки  бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони маҳбубамонро нумӯъ ва шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.

Бунёди давлати соҳибистиқлол ва ё побарҷо нигоҳ доштани Истиқлолияти комили ватан ин кори осон ва саҳл нест, зеро барои аз даст рафтани Истиқлолияти комили кишвар бадхоҳони миллат, хоса ҳамватанони мо, ки манфиатҳои шахсии хешро аз  имону инсоф ва истиқлолияту арзишҳои он боло гузошта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони кишварро ба гӯмрохӣ бурдаанд.

Таъсиси созмони «Паймони мили Тоҷикистон» дар арафаи ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатӣ, ошуби навбатӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат бо қатл расонидани зиндонбонону зиндониён, қатли сайёҳони хориҷи дар ноҳияи Данuара, табодулоти [изби наҳзати исломӣ дар шаҳри Ваҳдат моҳи сентябри соли 2015, гирдиҳамоии пай дар пай дар Аврупо, пахши мунтазами маводҳои иuвоангезона бар зидди миллат ва [укумати кишвар ва ҳазорон ҳодисаҳои нангине, ки аз ҷониби аъзоён ва роҳбарияти ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ ба вуқуъ пайвастааст, ин шаҳодати нокомил ва аз байн бурдани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад, хушбахтона нақшаҳои батхоҳони миллат ботил гардида, Истиқлолияти Ваҳдати Тоҷикистон комилтар гардид.

Воқеан, Ватан гаҳвораест, ки мо дар оuуши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароuози ҳамаи ҳастӣ ва пушту паноҳи ҳар соҳибватан аст.

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон  Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии  фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.   Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси [изби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Воқеияти кунунӣ инаст, ки биёед ба бетарифӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳаббозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Зиндаву ҷовид бод  он ном ва корнамоии  фарзанди асили    миллати тоҷик, абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ  Раҳмон.

Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg