ДАНҒАРА. Дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои кории Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 -и ҷамоати деҳоти Сангтӯда бо иштироки муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша, узви Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амиршои Хатлонӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад бо аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорону сокинони ноҳия мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулон вобаста ба 30 – соли дастовардҳои замони Истиқлолият суханронӣ намуда, иштирокдодонро барои саҳмгузоштан дар маъракаи муҳими сиёсӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд.