БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҳамагон аз таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-соли дастовардҳо, 30-соли пешравиҳо ва 30-соли созандагию бунёдкориҳо менависанду ба якдигар нақл мекунанд. Дар воқеъ давоми 30-соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мамлакати мо ба як кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил ёфта, дар сатҳи байналмиллалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта шуд.

Дар баробари ин ҳама пешравиҳо ва натиҷаҳое, ки мо ба даст овардем, дастоварди дигари халқи тоҷик ин худшиносии миллӣ мебошад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давоми 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ қариб, ки арзишҳои миллии халқи тоҷик аз байн рафта буданд. Тамоми кӯчаю хиёбонҳо, ноҳияву колхозҳо ва дигар муассисаву корхонаҳои бузург бо исми доҳиён, ҳарбиён, асосгузорон ва роҳбарони ҳамонвақтаи ҳизби Коммунист номгузорӣ карда мешуд.

Забони тоҷикиро дуюмдараҷа ҳисобида, ҳамчун забони давлатӣ эътироф намекарданд. Тамоми чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва фарҳангӣ бо забони русӣ пеш бурда мешуд. Забони коргузории идораву ташкилотҳо низ русӣ буд.Ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик меҳргон, сада ва тиргон пурра аз байн рафта буд ва иҷозаи ҷашн гирифтани онҳоро намедоданд. Танҳо ҷашни Наврӯз буд, ки баъди заҳмату талошҳои як қатор фаъолони халқи тоҷик иҷозаи ҷашн гирифтани он дода шуд.    Маҳз соҳибистиқлолии кишвар буд, ки мо халқи тоҷик дубора худро шиносем ба гузаштагони хеш арҷ гузорем ва худро дубора ҳамчун миллат эҳёкарда ба оламиён шинос намоем.

Албатта дар худшиносии миллӣ ва муаррифии халқи тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъ кардани миллати тоҷик хеле бузург мебошад.

Маҳз чунин талошҳо ва қаҳрамониҳои ин абармарди таърих буданд, ки ҷомеаи байналмиллалӣ халқи тоҷикро ҳамчун халқи дорои таърихи куҳан, фарҳанги бой, дорои шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ шиносанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор эътироф мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид кардаанд, ки "То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубиятҳои миллӣ дар шуури ҳар як фард, яъне шуруъ аз коргару деҳқони оддӣ то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрӯю эътибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан ва миллат муайян нагардад, давлати соҳибихтиёрро бо тамоми ҷузъиёташ ташкил кардан аз ихтиёр берун мемонад".

Ҳамон тавре дар боло қайд кардем дар даврони ҳокимияти Шӯравӣ насли ҷавони мо гузаштагон, шоирон, олимон ва дигар шахсиятҳои баруманди халқи тоҷикро аз ёдҳо бурда буданд ва дар бораи онҳо дар китобҳои дарсӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо наменавистанд, ҳатто варзишгарон, сарояндагон, олимон ва дигар ҳунармандон дар мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва олимпиадаҳои байналмиллалӣ на аз номи халқи тоҷик ё Тоҷикистон, балки аз номи СССР баромад мекарданд ва ҳамаи ин боис гардида буд, ки халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ намешинохтанд.

Мо шукрона аз он бояд кунем, ки имрӯз давлати моро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд.

Яке аз омилҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад.

Хидмати шоистаи дигаре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои насли имрӯзаи халқи тоҷик кардааст, ин мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ, таҷлил намудани "Рӯзи забони давлатӣ", ба нашр расонидани китоби "Тоҷикон дар оиннаи таърих" ва шоҳасари дигар, китоби "Чеҳраҳои мондагор" , ки муаллифашон Пешвои миллат мебошад, инчунин ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён, соли бузургдошти Имоми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар бузургони миллат мебошанд, ки мо насли даврони истиқлол ба воситаи ин асарҳо ва ҷашнҳо аз таърихи гузаштаи худ огоҳ шуда,  дар шинохти осолати миллии хеш бештар маълумот дошта бошем.

Самараи дигари Истиқлолият ин мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

20-декабри соли 2000-ум, Ассамблеяи Генералии СММ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи оби тоза, ки 149 давлат ҷонибдорӣ кард, маъқул дониста, соли 2003-ро "Соли байналмиллалии оби тоза" эълон намуд.

Инчунин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015, "Даҳсолаи амалиёти ҳифз ва ҳимояи захираҳои оби тоза", соли 2013 "Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" ва даҳсолаи Байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" эълон гардидааст, ки ин ташаббусҳо халқи тоҷикро ҳамчун миллати ташаббускор, созанда, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳифзи арзишҳои миллию башарӣ муаррифӣ менамоянд.

Зоиров С.,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg