ПАНҶ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил намояндаи Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Нуров Пирмаҳмад ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Исоева Хосият бо аъзова ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.
Аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбӣ- таҳти унвони «Даҳаи тантанаҳо» оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар ҳамаи самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.